БОЗДИДИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ АЗ МОИ “КЎЛОБ”

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло ва Шарифҷон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” сурат гирифт.
Дар ин раванд иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали корҳои сохтмони панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботҳои муқарраргардида бо дарозии зиёда аз 800 метр анҷом дода шуда, масофаи умумии панҷарабандии гирду атрофи он 9,3 км – ро ташкил дода, марҳила ба марҳила пурра панҷарабандӣ карда мешавад.
Дар раванди корҳоисохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисони маҳалли гирду атрофи минтақаи мазкур бо маоши муносиб ба кор ҷалб гардида, минбаъд низ чунин корҳо идома меёбанд.
Ҳамзамон, лоиҳаи ангоравии бинои маъмурӣ, гузаргоҳи гумрукӣ ва нақшаи генералии Минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа гардида, оғози корҳои сохтмонӣ дар аввали соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар идома мушкилотҳои мавҷудаи Минтақаи озоди иқтисодӣ мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баҳри такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи вобаста ба ҷалби бештари сармоягузориҳо ба Минтақаи озоди иқтисодӣ баён намуданд.
**********
VISIT OF DEPUTIES OF THE MAJLISI NAMOYANDAGON MAJLISI OLI OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN TO FEZ ” KULOB”
As part of the implementation of the instructions of Majlisi Namoyandagon Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan deputies of Majlisi Namoyandagon Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan Hayrullo Amonullo and Sharifjon Hakimzoda visited the Free Economic Zone ” Kulob” in the course of construction.
At the same time, it was reported that the first phase of work on the fencing of the territory of the free economic zone ” Kulob” is completed within the approved project and the established requirements of more than 800 meters and the total distance of the surrounding zone of 9.3 km will be completely fenced off step by step.
In the construction process, more than 30 specialists from the surrounding area were employed with decent wages, and this will continue in the future.
Moreover, the design of the administrative building, the customs checkpoint, and the general plan of the Free Economic Zone has been approved in the prescribed manner, and the start of construction work is planned for the beginning of this year.
In addition, the existing problems of the Free Economic Zones were analyzed and discussed, and the deputies of the Majlisi Namoyandagon Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan expressed their readiness to improve the existing regulations related to attracting additional investment to the Free Economic Zone.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code