Боздиди Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз аз рафти корҳои сохтмонӣ дар МОИ “Кӯлоб”

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид маълум гардид, ки корҳои сохтмони марҳилаи аввали панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботҳои муқарраргардида бо дарозии 759 метр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, масофаи умумии панҷарабандии гирду атрофи он 9,3 км – ро ташкил дода, марҳила ба марҳила пурра панҷарабандӣ карда мешавад.
Дар раванди корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисони маҳалли гирду атрофи минтақаи мазкур бо маоши муносиб ба кор ҷалб гардида, минбаъд низ чунин корҳо идома меёбанд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз ҷониби нахустин субъект ҶДММ “Тоҷик Алмос” корҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо молистеҳсолкунандагон барои ворид намудани молу масолеҳи зарурӣ барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёд намудани корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ (филтерҳои равғанӣ ва ҳавоӣ) бо маром идома дошта, интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки ҳоло лоиҳаи ангоравии бинои маъмурӣ ва гузаргоҳи гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо тартиби муқарраргардида мувофиқа гардида, корҳо дар самти лоиҳакашӣ бо маром идома дошта, тибқи нақша оғози корҳои сохтмонӣ дар аввали соли 2021 пешбинӣ гардидааст.
Дар ин раванда аз ҷониби Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ҷиҳати вусъати корҳои сохтмонӣ, бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣба иқтисодиёти минтақа, таъмини бештари мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ, шинонидани дарахтони сояафкани ороишӣ ва ҳалли саривақтии дигар масъалаҳои мавҷуда ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
************************
Visit of Rakhmonzoda Abdujabbor Aziz, head of the working group on preparation for the 30th anniversary of state independence in Kulob, Assistant to the President of the Republic of Tajikistan on Social Development and Public Relations, on the progress of construction work in the free economic zone “Kulob”
In order to get acquainted with the progress of construction work, the head of the working group on preparation for the 30th anniversary of state independence in Kulob city, Assistant to the President of Tajikistan on social development and public relations Rahmonzoda Abdujabbor Aziz visited the Free economic zone ” Kulob”.
In the course of the visit, it was noted that in the framework of the approved project and established requirements the construction of the first stage of fencing of free economic zone ” Kulob” with the length of 759 meters is coming to an end, the total length of the surrounding fence is 9.3 km and will be fully fenced in stages.
Over 30 local professionals in the field were involved in the construction process with decent wages, and this practice will be continued in the future.
It was also reported that the first enterprise LLC “Tajik Almos” is currently working on the conclusion of cooperation agreements with manufacturers to import goods and materials necessary to begin construction work on the establishment of a plant for the production of automotive parts (oil and air filters), it is expected that construction will begin in the coming days.
Moreover, the project of the administrative building and the customs post of the Free Economic Zone “Kulob” has been approved in accordance with the established procedure.
In this regard, the head of the Working Group on preparation for the 30th anniversary of state independence in Kulob, Assistant to the President of the Republic of Tajikistan on social development and public relations Rakhmonzoda Abdujabbor Aziz gave specific instructions to the responsible persons of the industry to attract additional domestic and foreign investment in the economy of the region, to provide more local specialists with permanent jobs, to plant decorative shade trees and timely resolution of other existing issues.

— с Abdullozoda Mustafo Rustam и Рустамом Саидовым в Кулоб.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code