ТАБРИКОТИРаиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф  бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кулли сокинони сарбаланди шаҳрро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод мегӯяд.

Соле, ки сипарӣ гардида истодааст, барои мардуми шарафманди тоҷик, хусусан, сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб соли дастоварду муваффақият, пирӯзиву комёбӣ ва созандагиву бунёдкориҳо буд.

Боиси ифтихор аст, ки соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз файзи қадамҳояшон шаҳрамон дучанд ободу зебо гардид.

Соли 2020 барои миллати тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар давоми ин сол дар кишвар ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – Интихоботи парлумонӣ ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб дар радифи дигар мардуми бонангу номуси кишвар фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ иштирок намуда, иродаи сиёсии худро бо интихоби номзадҳои арзанда баён доштанд.

Соли равон дар шаҳри Кӯлоб ба истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ як қатор тарҳҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар самти таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ, ба оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмини покизагии шаҳр, бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ва дар маҷмуъ ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои калидӣ корҳои амалӣ анҷом дода шуданд.

Бояд қайд намоем, ки мушкилоти дар давоми сол ба миёномада, хусусан хуруҷи вируси КОВИД-19 дар кишварро сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамчун як имтиҳони муҳимми зиндагӣ қабул намуда, ба воҳимангезиҳои беҳудаву бемавқеъ дода нашуданд. Дар чунин лаҳзаҳое, ки тамоми ҷаҳонро воҳимаву ҳангомаҳои гушношунид пур карда буд, ин суханони ҷонбахши Пешвои миллат тамоми сокинонро рӯҳбаланд намуд, ки: “Мо аз ин дида рӯзҳои душворро аз сар гузаронидаем… Дар солҳои вазнинтарин мардумро гурусна нагузоштем, ин бор ҳам гурусна намемонем…”. Мардум ба Пешвои муаззами хеш бовар кард ва дар ҳақиқат Тоҷикистон ин марҳилаи мушкилро, ки ба тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ ва иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонид, бо талафоти камтарин пушти сар намуда истодааст.

Мардуми бофарҳанги шаҳри Кӯлоб дар чунин марҳилаҳо низ рисолати созандагии хешро аз ёд набурда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар рушду ободии диёр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Бо чунин иродаи қавӣ, бо азму матонати бузург мо бо соли 2020 хайрбод гуфта, ба остонаи соли 2021 қадам мегузорем.

Бигзор соли 2021, ки оғози марҳилаи нави рушд дар заминаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноаткунонии босуръати кишвар ва Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, барои миллати тоҷик соли фатҳу нусратҳои нав  ба нав гардад.

Бо ин нияту таманниёти нек, бори дигар Шумо сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлобро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, тани сиҳат ва дар кору амали созандаатон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Соли нав муборак ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code