БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ  ВУСЪАТ БАХШИДА МЕШАВАД

Рӯзи 28 декабри соли 2020 бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода З., роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр  бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкороне, ки дар минтақаи саноатӣ бояд корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бунёд намоянд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа  раиси шаҳр муҳтарам Вализода А. И.  қайд кард, ки  бо мақсади рушди соҳаи саноати шаҳр бо дастгирии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №809 дар шаҳр бо қарори раиси шаҳр аз 05 июни соли 2015, №306 дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шудааст.

Дар минтақаи мазкур дар асоси  қарорҳои раиси шаҳр ба 11 нафар соҳибкорон қитъаҳои замин барои сохтмони корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли консерваи меваю мсабзавот, шарбатҳо, меваи хушк, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, ҳасибҳои гуногун дода шудааст.

Таҳлили мутахассисони кумитаи идораи замини шаҳр ва шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр нишон дод, ки гарчанде, ки баъди ба тасвиб расидани қарорҳо 2-3 сол гузашта бошад ҳам, дар ин минтақа  коргоҳи истеҳсоли гаҷ ва оҳак ва корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ сохта ба истифода супорида шуданду халос.

Дар дигар майдонҳои заминҳои ҷудогардида, корҳои сохтмонӣ суст ҷараён доранд.

Раиси шаҳр ва муовини раиси вилояти Хатлон аз иштирокдорон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ пурсиш намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Файзуллозода З. аз соҳибкорон талаб намуд, ки бизнес-план, шартномаҳои ҳамкорӣ ва оид ба гузаронидани маблағ ҷиҳати харидории дастгоҳу таҷҳизот маълумотҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати мушкилӣ ба соҳибкорон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани таҷҳизот мусоидат карда хоҳад шуд.

Соҳибкорон таъкид карда шуданд, ки дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориашон майдони замин ба ҳолати аввала баргардонида мешавад.

Раиси шаҳр қайд кард, ки бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр бояд корхонаву коргоҳҳо бунёд гардида, шаҳрвандон ба кор ҷалб карда шаванд.

Бахши саноат, энегетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code