ЯТИМОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва барҷомондагон зери назорати давлату ҳукумат қарор доранд.

Чунин иқдом аз ҷониби нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная  газета» ба 2- нафар ятими кул ва 31 нафар нимятим дар арафаи Сали нави мелодӣ шириниҳои солинавӣ расонида шуд.

Кӯмакҳоро сармуҳаррири  нашрияи ҷумҳуриявӣ «Народная  газета» Маҳбуба Камолова, ки худ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии  №8-и шаҳри Кӯлоб мебошад, дастрас намуд.

Чунин иқдом аз ҷониби нашрияи ҷумҳуриявии «Народная  газета» ҳамасола дар  арафаи  ҳамаи иду ҷаншнҳо роҳандозӣ мегардад.

 

Мудири бахши матбуотӣ- Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code