КӮЛОБ-БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

Дар асоси Амри раиси шаҳри Кӯлоб муҳатар Вализода Абдуқодир Исуф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳамрӯза дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.

Дар ин росто, гурӯҳҳои корӣ ба аҳолии  шаҳру деҳоти Кӯлоб зарурати  муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик»-ро  аз 9 декабри соли равон оид ба истифодаи мақсаднок ва оқилонаи нерӯи барқ фаҳмонида истодаанд.

Мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Кӯлоб сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқро дар мадди аввал гузошта, муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба худ қабул намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code