МУСОБИҚАИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ БА ЁДИ УСТОД САИДОВ ШАРИФ

Бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва аълочии маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф дигар фаъолони шаҳр санаи 20-уми декабри соли равон, мусобиқаи ҷумҳурияви оид ба гуштини миллӣ, байни ҷавонони синни 2000-2003 дар толори Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф вобаста ба ҳаёту фаъолияти пурифтихори Шариф Саидов  суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки дар ҳаққиқат, устод Саид Шариф баҳри рушди соҳаи варзиш саҳми арзанда гузошта, ҳамзамон дар роҳи тарбияи фарзандони буруманди миллат  умри хешро сарф намудааст.

Номи устод Саид Шариф маҳз тавассути хизматҳои софдилона ва поквиҷдононааш дар таърихи варзиш ва маорифи кишвар абадан сабт хоҳад шуд.

Дар охир аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ба фарзандонӣ устод Саидов Рустам ва Саидов Саъдӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Мудири бахши матбуотӣ МИҲД-и шаҳри Кӯлоб- Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code