ШАҲРИ КӮЛОБРО БАРОИ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПУРРА ОМОДА МЕСОЗЕМ!

Санаи 21 декабри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф Ситод оид ба ва  муроҷиати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» аз 09 декабри соли 2020 ба кулли мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи оқилона, сарфакорона ва мақсаднок нерӯи барқ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори ситод, ҳамчунин муовини якум ва муовинони раис шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, фаъолон, қитъаҳои истифодабарии манзил  ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 гурӯҳи корӣ таъиси дода шуда, вобаста ба  ин масъала дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои исттеҳсолӣ (сарфи назар аз  шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳиро аз санаи 17 декабри соли 2020 шурӯъ намудаанд.

Дар ҷаласа, рафти назорати нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба бунёди иншоотҳои дар соли 2019-2021 ба нақшагирифта, таъмири роҳҳо ба тартиб даровардани гирду атрофи иншоотҳо, хонаҳои баландошиёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.

 Бахши матбуотӣ

????????????????????????????????????

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code