Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кӯлоб барои ҳифзи парандагон дар зимистон дар ҷойҳои муайян 200 кг гандум пошиданд

  Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои ҳифзи саршумори парандагон дар сардии зимистони солҳои 2020-2021 дар талу теппаҳо ва мавзеъҳои наздикӯҳӣ корҳои биотехникӣ анҷом дода шуда, дар ҷойҳои муайян  ба миқдори 200 кг гандум  пошида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Вобаста ба боду ҳаво дар ҳолати зарурӣ чунин корҳо дар дигар мавзеъҳо ва минтақаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар нимбиёбонҳои Тоҷикистон ҳар сол садҳо намуди парандагонро дидан мумкин аст, ки баъзеи онҳо муқимӣ буда, дигарашон мавсимй ё роҳгузару кӯчӣ мебошанд. Хусусан, кабки биёбонӣ, сӯфитурғайи пӯпидор, ҷуғз, гунҷишкҳо, магасхӯрак бешгар вомехӯранд. Инчунин дар обанбору кӯлу дарёҳои Тоҷикистон шабонапар, лаклаки сиёҳ, қози ҳиндӣ, мурғобии сурх, мурғобии паҳннӯл, мурғобии сафед, кашқалдоқмурғобӣ, қассобак, моҳихӯрак, гунҷишки обии сафедшикам, дурроҷи ало, гунҷишки ҷигарранги обӣ ва ғайра ҳастанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин ва водиҳои кӯҳсори Тоҷикистон бештар ба сӯфитурғайи пӯпидор, гунҷишкхо, саъба, фотимачумчуқ, мусича, аккаи ало, эзорсурхак, тутпухтак, майна, гунҷишкҳои испании саҳроӣ, фарошгурук ва булбул вохӯрдан мумкин аст. Дар дашгу доманаи кӯҳҳои Тоҷикистон куркурикарок, зоғи кабуд, гунҷишки даштӣ, гунҷишки ало, сӯфитурғайи саҳроӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷангалу даштҳои кӯҳӣ кабк, харкафтар, ҷуғз, шоҳин, аккаи сиёҳ, алошақшақа, зардак, пашшахӯрак (гунҷишки ҳиндӣ), булбул, фотимачумчуқи калон вомехӯранд.

Иқлими мусоиди водию дараҳои Тоҷикистон ва фаровонии хӯрок боиси зиёд шудани парандаҳои муқимӣ гаштааст. Ҳоло намудҳои онҳо аз 40 зиёд аст. Онҳо имкон доранд, ки аз баландкӯҳҳо ба дараю водиҳо ва саҳроҳо фаромада, зимистонро гузаронанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон, хусусан дар фасли зимистон ҷамъ меоянд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар фасли зимистон ҳангоми фаро расидани сармо дар қисмати Сибир ва Қазоқистони Шимолӣ аксар намуди парандагон ба  Тоҷикистон мекӯчанд.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи парандашиносӣ, дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон дар фасли зимистон маҳсуб мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 43 намуди парандагони Тоҷикистон парандагони нодир маҳсуб шуда, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Онҳо ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид карда шуда, таҳти муҳофизат қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд.

Соли 2020 фароштурук парандаи сол эълон гардида буд.

 20.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code