КОРИ МОШИНҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР МАҲАЛ

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи зудтар ба оммаи васеи сокинони шаҳри Кӯлоб фаҳмондани муҳтавои ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020 оид ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, муроҷиатномаи раиси шаҳр ба сокинони шаҳри Кӯлоб ва Амри раиси шаҳр ба тасвиб расида ва гуруҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳиро аз санаи 17 декабри соли 2020 таввасути автомашинаҳои сайёрӣ таблиғотӣ бо баландгӯякҳо расонида истодааст.
Ҳамзамон гурӯҳҳои корӣ дар кӯчаю маҳҳала ва деҳот бевосита бо аҳолӣ оид ба муроҷиатномаи раиси шаҳр вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо муҳтавои муроҷиатномаро фаҳмонда истодаанд.
Корҳо дар ин самт идома доранд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code