ЭЪЛОН

Тибқи дастури раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҳамаи муовинони соҳавии раиси шаҳр аз 2-юм то 30-юми декабри соли равон ба саволҳои сокинон ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои гуногун аз рӯи масъулияти соҳавӣ тариқи Телевизиони Кӯлоб посух мегӯянд.
Дар робита ба ин, санаи 23-юми декабри соли 2020 муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод ба саволҳои сокинони шаҳр тавассути Телевизиони Кӯлоб посух хоҳад дод.
Хоҳишмандем ба Исмоилзода Саймурод танҳо дар мавзӯҳои марбут ба соҳаи молия, андоз, сармоягузорӣ, бонкҳо таъсиси коргоҳҳои хизматрасонӣ, тиҷорат ва ғайра савол пешниҳод карда шавад. Баромади дигар муовинони соҳавӣ ҷиҳати посух додан ба дигар мавзӯҳои муайяншуда як ҳафта пеш аз баромади ҳар кадомашон ба таври ҷудогона эълон карда мешавад, то сокинон фурсати мутамарказ кардани фикри худ ба мавзӯъ ва пешниҳоди саволҳоро дошта бошанд.
Саволи нафароне, ки сокини шаҳри Кӯлоб нестанд, ё ному насаб, суроға ва рақами телефонашонро нишон надодаанд ва ё саволи берун аз мавзӯъи муайяншуда ва этикаи муошират пешниҳод кардаанд, қабул карда намешавад. Миқдори саволҳо маҳдуд нест.
Аз шаҳрвандон хиҳиш менамоем саволҳои худро то 22.12.2020 бо нишон додани ному насаб, суроға ва рақами телефон тавассути дастхат ба шӯъбаи умумӣ, ё почтаи электронии kulobmatbuot@mail.ru, ё саҳифаи фейсбукии МИҲД Кӯлоб ва ё тариқи шифоҳию СМС ба телефони 988664486 пешниҳод намоянд.
Дар акс муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code