ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БА КОР ОҒОЗ НАМУДАНД

Тибқи Амри раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сарфакоронаву оқилона истифода бурдани  нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо корро дар ин самт оғоз намуданд.

Дар ин росто, гурӯҳҳои корӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз  шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ гуфта гузаштанд.

 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code