ДАР КӮЛОБ ГУРУҲҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БАРОИ БУРДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ ҶОМЕЪА ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Санаи 16 декабри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ситод оид ба сарфакоронаву оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқадир Исуф доир гардид.

Дар кори ситод, ҳамчунин муовини якум ва муовинони раис шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, фаъолон, қитъаҳои истифодабарии манзил  ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҷаласаро оғоз намуда, қайд доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи зудтар дастрас гардидан ва фаҳмондани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 ва Ширкати «Барқи Тоҷик»  аз 09 декабри соли 2020  ба кулли мардуми сокинони шаҳри Кӯлоб оид ба истифодаи оқилона сарфакорона ва мақсаднок истифодабароии нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли  моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, дар ин раванд Амри раиси шаҳр  ба тасвиб расид ва гуруҳои корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин росто, сухан ба Директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» Комилзода Ҷалолидин Алӣ дода шуда, қайд намуд, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо барқ аз тарафи идораи мо ягон мушкили нест, бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ аз мо вобастагии зиёд дорад. Дар ин раванд  сари вақт маблағи нерӯи барқро пардохт намуда, оқилона ва сарфакорона истифодаи бурдани нерӯи барқро фаромӯш насозем.

Вобаста ба  ин масъала аз ҷониби раиси шаҳр гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои исттеҳсолӣ (сарфи назар аз  шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳиро аз санаи 17 декабри соли 2020 шурӯъ менамоянд.

 

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code