ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУАРРИФГАРИ НАСЛИ ҶАВОНБАРОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар марҳилаи кунунии рушди ҳар як кишвар ҷавонон нақши муҳим мебозанд, зеро ҷавонони бонангу номус ва саодатманд рушди ояндаи ҷомеаро муайян мекунанд. Нақши ҷавонон дар нигаҳдории фарҳанги иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташаккули ҷомеа хело бузург мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият, сиёсати давлатии хешро ба масъалаи ҷавонон равона намуда, баҳри фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои рушди бомуваффақияти ташаббусҳои созандаи ҷавонон тадбирҳо меандешад.
Сиёсати давлатӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди моликияти зеҳнии ҷавонон, афзоиши захираи ҷавонон ва истифодаи он барои рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мебошад. Дар давраи ташаккулёбии иқтисодиёти инноватсионӣ нақши захираи зеҳнии ҷавонон таҳкимбахш буда, бо истифода аз тафаккури зеҳнӣ ва дастовардҳои илмии худ метавонанд дар рушди ҳаракатҳо, фаъолияти зеҳнӣ ва саломатии ҷавонон аз гурӯҳҳои дигари аҳолӣ фарқ кунанд, ки ин худ нишонаи давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, пойдории ояндаи миллат ва давлат будани ҷавонон мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ояндасози миллат ва давлат буда, арзиши махсусро доро мебошанд. Иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ беназир буда, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи онҳо ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд. Хотирнишон бояд намуд, ки рушди минбаъдаи демократия дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ин пеш аз ҳама ба саҳми ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар вобастагии калон доранд. Ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон мавқеи асосиро касб менамоянд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавонро пайваста дастгирӣ менамоянд. Дар вохӯрию баромадҳои худ пайваста қайд менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд”. Ҳанӯз моҳи майи соли 2005 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони мамлакат қайд намуда буданд, ки “Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз, масъулияти бузург бар дӯш доред”.
Ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат шаҳодати он аст, ки Сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонон ва насли навраси кишвар эътимоду боварӣ дошта, дурахшонии кишвари азизамонро дар заҳматҳои софдилонаи ҷавонон мебинад. Аз ин сабаб, Президенти кишвар доимо кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони саодатманди миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ба таълим фаро гирифта шаванд, то дар оянда мутахассиси хуб гардида, ба ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо дастгирии Президенти мамлакат санаи 23 – юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва аз соли 1998 то инҷониб дар кишвари азизамон 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дастгирии давлатии олимону муҳаққиқони ҷавон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба таври васеъ намоён буда, имрӯз олимон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар дар самти кашфиёти илмӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Олимон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон тавонистанд, ки илми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20 марти соли 1998, №967 шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз ин иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат хушнуд гардиданд. Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм барои олимони ҷавон беҳтарин мукофоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, диплом ва мукофоти пулӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида мешавад. Ба хотири ҳавасмандгардонии олимони ҷавон шаш ҷоизаи ба Исмоили Сомонӣ тайи солҳои охир ба дувоздаҳ ҷоиза табдил дода шудааст, ки ҷавонон аз ин иқдоми неки Пашвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, саъю кӯшиш менамоянд, ки дар рушду тараққиёти илм ва техникаи мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Пешвои муаззами миллат пайваста бо ҷавонони кишвар мулоқотҳо доир намуда, дар суханрониҳояшон муроҷиат менамоянд, ки: “Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред. Барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед. Марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред”.
Ҷавонони мо дар замоне зиндагӣ мекунанд, ки ҳамқадами равандҳои замони муосир буда, бархурдор аз суръати пешрафти илму техника бо технологияи инноватсионӣ мебошанд. Рушди босуръати илму техника ҷавононро водор ба он месозанд, ки пайваста пайгири донишҳои навин ва ихтирооти нодир бошанд, зеро ҷаҳони муосирро бе технологияи инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Ташаббусҳои созандаи ҷавонон баҳри ҳифзи арзишҳои анъанавӣ, маънавӣ ва ахлоқии халқи тоҷик буда, ҳадафҳояшон ватандӯстонаву адолати иҷтимоӣ мебошад.
Фаъолияти мақсадноки иҷтимоии ҷавонон дар пойдории Сулҳ, Ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфта, ташаккул меёбад. Вобаста бар ин мавзӯъ дар баромади худ Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки: “Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиамон сафарбар созанд”.
Дар ҳақиқат, мо – ҷавонон вазифадор ҳастем, ки баҳри ободии кишвари худ Тоҷикистони азиз дастаҷамъона хизмат намоем ва боварии сарвари давлатро, ки нисбат ба ҷавонон равона гардидааст, сарбаландона иҷро намоем. Дар пешрафти босуботи иқтисодиёти кишвар ҷавонон саъю талоши худро равона намуда, пайваста кӯшиш менамоянд, ки баҳри иҷрои вазифаҳои чор ҳадафи стратегии миллӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсонӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръати мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир мушкилии амнияту суботи давлатҳои ҷаҳонро водор ба он месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ боз ҳам хубтар ба роҳ монанд. Дар шароити имрӯза вобаста аз пешравиҳои бузурги иқтисодӣ мушкилоти муҳими сиёсати ҷаҳонӣ вуҷуд доранд, ки бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳалли ин мушкилот тадбирҳо андешида шаванд. Зеро дар ҳолати реша давондани ин мушкилотҳо таъсири манфӣ ба насли наврас хоҳад расид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар пайи ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ёфтани роҳу воситаҳои дуруст баҳри пиёдасозии онҳо дар таъмини шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як сокини кишвар буда, инчунин мушкилотеро, ки дар оянда имкони домангир шудани ҷаҳони муосирро доранд, роҳи ҳалли муносиб барояшон пешниҳод менамояд. Вобаста ба ин, дар аксари маврид пешниҳоду ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон бо дилгармӣ пуштибонӣ меёбад. Доир ба ин мавзӯъ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат чор маротиба ташаббусҳои ҷаҳонӣ вобаста ба захираҳои об ва истифодабарии он пешниҳод карда шудааст, ки бо дилгармӣ дастгирӣ ёфтанд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии хешро барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик, алалхусус, ҷавонони бонангу номуси кишвар тавонист тарҳрезӣ намояд. Ҷавонони ватандӯст ва меҳанпарвар бояд ин ҳама талошҳо, дастгириву пуштибонӣ ва ғамхориҳои сарвари давлатро қадрдонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то арзандаи ин боварии Пешвои миллат гардем.
Дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоштан вазифаи ҳар яки мост. Барои ягонагӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ камари ҳиммат бандем. Нагузорем, то нохалафе ақидаи нопокашро дар шуури ҷомеаи шарифи тоҷик ҷой кунад. Зеро мо дорои шуури комил ва солим ҳастем.
Сафармади Шариф, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code