МУРОҶИАТНОМАИРаиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ба сокинони шаҳри Кӯлоб

Сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб,

Нахуст ба Шумо арзи сипос ва миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мерасонем, ки дар даввоми соли равон дар ҳамаи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, сиёсати давлату ҳукуматро дастгирӣ намудед. Ҳамзамон, иродаи шикастнопазири мардуми Кӯлоб зимни хуруҷи вируси сироятии COVID-19 ва ба эҳсосоту ғаразҳои ҳангомаҷӯён дода нашудан дар лаҳзаҳои ҳассос намунаи баланди маърифати шаҳрвандӣ мебошад.

Дар зимн, тавре иттилоъ доред, то санаи 10.12.2020 бо сабаби таъмир дар шабакаи марказии барқӣ таъминоти нерӯи барқ ба сокинон дар доираи маҳдудиятҳои муайян сурат мегирифт. Аз санаи 10.12.2020 таъмиру тармим пурра ба анҷом расида, нерӯи барқ ба хонадони ҳар як сокини кишвар бе маҳдудият таъмин карда мешавад. Вобаста ба ин, аз тамоми сокинон даъват ба амал меорем, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода барем, зеро бо сабаби гарм омадани сол, 50% кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал сурат мегирад, ҳаҷми оби дарёи Вахш, ки манбаи асосии нерӯи барқ мебошад ба таври бесобиқа кам гардид. Аз ин рӯ танҳо дар сурати сарфакорона истифода набурдан эҳтимолияти ба вуҷуд омадани мушкилиҳои нав дар ин самт аз байн меравад.

Ба ин хотир аз ҳамаи сокинон даъват ба амал меорем, ки нерӯи барқро сарфакоронаву оқилона истифода бурда, дар гарм намудани хонаву корхонаҳои худ фақат ба нерӯи барқ такя накунанд. Махсусан, дар хонаҳои заминӣ ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки аз имконияти истифодаи маводи сухт аз қабили чӯбу ангишт ва дигар василаҳои гармидиҳии каммасраф бештар истифода бурда шавад. Ин аз як тараф боиси сарфа намудан ва бемаҳдудият ба тамоми сокинон дастрас шудани нерӯи барқ гардад, аз сӯи дигар эҳтимолияти сар задани ҳодисаҳои сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқиро, ки ҳамасола дар фасли зимистон зиёд рӯй медиҳанд, камтар мегардонад.

Ҳамватанони азиз,

Мо ба сатҳи баланди маърифати шаҳрвандии Шумо эътимоди комил дорем. Пас биёед якҷоя дар ҳалли масъалаҳои рӯзгор аз рӯи инсофу виҷдон ба ҳамдигар кӯмак намоем ва бо сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва саривақт пардохт намудани ҳаққи истифода аз он дар таъмини пурраву бемаҳдуди нерӯи барқ  мусоидат кунем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсад бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти истифодаи сафакаронаи нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдан аз заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ба шаҳру деҳоти Кӯлоб сафарбар намудааст. Дар ин росто, аз ҳамаи сокинон хоҳиш мекунем бо гурӯҳҳои корӣ ҳамкориро зич ба роҳ монда, аз тавсияву маслиҳатҳои мутахассисон ва шахсони масъул васеъ истифода баранд.

Дар охир таманнои онро мекунем, ки бигзор хонадони ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб гарму равшан бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code