МУРОҶИАТИ СОКИНОН ШУНИДА МЕШАВАД

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовинони раис ва раиси шаҳри Кӯлоб доир гашта истодааст.
Санаи 12 декабри соли 2020 қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарм Вализода Абдуқодир Исуф гузаронида шуд.
Ба раиси шаҳр шаҳрвандон оид ба масъалаҳои вобастакунии қитъаи замин, додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмаки молиявӣ, таъмири роҳ ва ғайра муроҷиат намуданд.
Дар ин росто, аз ҷониби раиси шаҳр ба Исоев Сафармад, Назаров Ҳасаналӣ, Абдулҳакимов Мадамин ва Рӯзиева Моҳихубон кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code