КӮЛОБ:ИНФРАСОХТОРИ ВАРЗИШ ДАР МАҲАЛ РУШД МЕКУНАД

Дар Паёми навбати хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалӣ намудани ташаббусҳои созанда супориш доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин соҳа дар маҳал сафарбар бояд сохт.
Маҳз бо ҳамин мақсад ҳамарӯза дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён доранд. Дар ин замина, санаи 10 декабри соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Даҳана деҳаи Гултеппа майдони варзишӣ оид ба футболи хурд кушода шуд.
Зимни ифтитоҳи майдони варзишӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, роҳбари Дафтари Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар шаҳри Кӯлоб Гулиев Абдулло, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Азимов Суҳроб, ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, майдончаи варзишӣ бо саҳмгузории соҳибкорони ҳамин деҳа ва маблағгузории лоиҳаи Барномаи рушди созмони Миллали Мутаҳид “Таҳкими устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Осиёи марказӣ” бо дастгирии молиявии Ҷопон ҷудо карда шуда, баҳри машқу тамрини сокинон сохта шуда, минбаъд сокинон дар ин мавзеъ барои тамрини футбол ва машқи бадан ба ҳам меоянд.
Ҳамзамон, дар майдони навбунёд, мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни 6 дастаи деҳаҳои ҷамоати деҳоти Даҳана баргузор гардид ғолибон бо ҷом, медал, туҳфа ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Мутахассиси пешбари бахши матбуотӣ-Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code