САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Санаи 07 декабри соли 2020 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф баргузар шуд.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф оид ба иҷроиши андоз, пардохти барқ, таъмири роҳҳо, таъмиру сохтмони иншооти ҷашнӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани захираи хуроки чорво барои замистонгузаронӣ, кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла кишти картошка, вусъат бахшидани ҷойҳои нави корӣ, равшаннамоии кӯчаву маҳаллаҳо, обтаъминкунии аҳолӣ, назорат ва роҳҳои пешгирикунандаи хуруҷи бемории коронавирус (covid-19), таъмини иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои даврӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар масоили мавҷуда натиҷагирӣ намуданд.
Инчунин, ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, инчунин масъулини ҳамаи соҳаҳо супориш дода шуд, ки нақшаи обунаро ба пуррагӣ ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр фаъолиятӣ ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоршҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code