БАРОИ ГУЗАРИШ БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ШАҲРИ КӮЛОБ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ЭҲСОС НАМОЕМ

Санаи 23 ноябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф баргузар шуд.

Дар  ҷаласа  муовини якум,  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр  ва дигар фаъолон  иштирок доштанд.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф оид ба иҷроиши андоз, пардохти барқ, таъмири роҳҳо, таъмиру сохтмони иншооти ҷашнӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вусъат бахшидани ҷойҳои нави корӣ, равшаннамоии кӯчаву маҳаллаҳо, обтаъминкунии аҳолӣ, назорат ва роҳҳои пешгирикунандаи хуруҷи бемории коронавирус (covid-19), корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  ва дигар масоили мавҷуда натиҷагирӣ намуданд.

Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоршҳои мушаххас доданд.

Махсус таъкид карда шуд, ки иброз доштанд, ки  ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обод намудани гушаи шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шавад.

 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code