БОЗЁФТИ НОДИР – ГУВОҲ АЗ ТАЪРИХИ КУҲАНИ КӮЛОБ

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб боз як ҳодисаи таърихию фармӯшнашаванда рух дод. Сарнайзаи таърихи беш аз 5000 (панҷ ҳазор) сола дошта, ки аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб ёфт шуда буд, баъди таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бозгардонида супорида шуд.

Нигораи мазкурро Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои тоҷик муҳтарам Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ва ҳайати ҳамроҳонашон- директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АМИТх Убайдулло Насруллоҳ Каримзода, мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АМИТ Сайфуллоев Нуриддин Назруллоевич бо тантана ба дасти банда, директори генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” Ҳотам Раҷаби Асозода супориданд.

Тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2021 бахшида 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамкории Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии Осорхонаҳои Кӯлоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АМИТ дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии Кӯлоб экспозитсяи мукаммали 5 ҳазор солагии Кӯлоб ташкил ва барои тамошо пешкаш мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code