ДИРАФШИ КОВАЁНӢ

БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ.

Парчам, дирафш (арабиаш байрақ, ливо) дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст.
Пайдоиши парчамҳо реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ доранд. Илми парчамшиносӣ, ки моли аврупоиҳо буда «вексюкология» унвон дорад, пайдоиши парчамҳои нахустинро дар садсолаи IХ пеш аз мелоди Масеҳ гуморидаанд. Таърихнигорони аврупоӣ, чун ҳамеша пайдоиши ҳар он чиро ки ба фарҳангу тамаддун пайвастагӣ дорад, дар таърихи Руму Юнони бостон ҷуста, нақши Эрони Бузургро (яъне Эрони имрӯза, Хуросону Варорӯдро) мехоҳанд нишон надиҳанд. Дар мавриди пайдоиши парчам низ парчамшиносон (вексюкологҳои) русиву аврупоӣ таваҷҷуҳи алоқамандонро ба Юнони бостон ҷалб карда, нахустин парчами аз матоъ таҳия шударо ба сарлашкари юнониён, Фемистокл, ба соли 480 пеш аз мелод нисбат доданӣ мешаванд. Воқеан, асри V пеш аз мелод замоне буд, ки Рум ба императории Эрони Бузург боҷ мепардохт. Дар нигари таърихнигорони рус, то соли 480 лашкардорон аз қабзаи алафи хушк, ё думи бофтаи асп парчам таҳия мекардаанд. Аммо китобхондагон огоҳанд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз чаҳор ҳазорсолаи давлатдории эронитаборон дорад. Бигзор достони «Коваи оҳангар» и Ҳаким Фирдавсиро устураву афсона дониста, оғози парчамдориро аз он замон нашуморанд. Лек дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.
Дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Аз ҷумла дар модари китобҳои ҷаҳон, «Авасто», чунин матнҳое ҷой доранд:
«Фурӯҳарҳои некутавони поку муқаддасро меситоям, ки лашкари бешумор биороянд ва силоҳи ба камар баста бо дирафшҳои барафроштаи дурахшон….»
Ва ё: «Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям, ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирафшҳои кушудаву сарафроз барои муқовимат кардан дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад. («Авасто», Теҳрон, 1378 – 1999, Яшти 10 ум, банди 139).»
Дар «Авасто» ҳамчунон пиромуни рамзҳои дар рангҳо нуҳуфта, ба гунаи зер матне ҷой дорад: Ранги сафед вижаи табақаи аввал, ё рӯҳониён ва ранги сурх намояндаи табақаи дуввум, ё ҷанговарон ва ранги сабз (бунафш), ё обӣ нишони табақаи севвум, ё кишоварзон – пешаварон мешавад. (ба ишораи банди 126 дар яшти даҳум.) (Ҳошими Разӣ, “Таърихи мутолиоти динҳои Эрон”, Т.,1371 (1993), саҳ.55)
Дар «Таърихи Табарӣ» навишта шудааст, ки «Дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пӯшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд..»
Фирдавсии бузургвор пешинаи дирафши коваёниро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии эронитаборон 6600 сол (дар замони пешдодиёну каёниён) хондааст.
Дирафши коваёнӣ ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти эронитаборон ва парчамбардор будан мояи ифтихори радони сарбаланди корзорҳо будааст. Дар аҳди бостон аз даст додани дирафши миллӣ нангбору бешарафӣ арзёбӣ мегаштааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» и беҳамтои худ лаҳзаҳои ҷолиби пурэҳсоси арҷгузорӣ ва ҷоннисории радону диловарсаронро, ба ҳангоми наҷоти парчами миллӣ, бо як маҳорати устодона бозтоб намудааст. Ва яке аз он саҳнаҳоро, ки ниҳоят рӯҳангезу ҳассос аст, ба таври фишурда дар ин ҷо бозгӯ менамоем:
Ба ҳангоми набарди хунин бо туркони Чин, родмарди озодае бо номи Гиромӣ мебинад, ки парчамбардор кушта шуда, «дирафши ҳумоюн пур аз хоку хун» нагун аст, худро дар яки он ба корзор расонда, дирафшро бармеафрозад ва бо як даст шамшеру дигар дирафш, бо туркон меразмад:
Ба як даст шамшеру дигар дирафш,
Бигирад бад-он ҷо дирафши бунафш.(«Шоҳнома», ҷ. VI, с. 109)
Душманон ҳамла оварда, дар набарди нобаробар дасти Гиромиро бо шамшер мебурранд. Аммо Гиромӣ бо дандон дирафшро дошта, ба разми диловаронааш идома медиҳад:
Гиромӣ ба дандон бигирад дирафш,
Бидорад ба дандон дирафши бунафш. («Шоҳнома», ҷ. VI, с. 123)
Душманон ба ғазаб омада, аз дур вайро бо тир меафкананд. Ин лаҳзаро родмарди озода, Настӯҳ пури Зарир дида аспашро ба пеш меронад ва шаст тан аз душманони дар гирди дирафш гирд омадаро кушта, дирафшро аз замин бармедорад. Ҷолиб он аст, ки чунин саҳнаи пурэҳсоси офаридаи Ҳакими Тусро синамогарони шӯравиву аврупоӣ, пас аз 1000 сол дар бозтоби саҳнаҳои қаҳрамониҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1941 – 1945), борҳо такрор кардаанд.
Бузургону сипаҳбадони гузаштаи мо, ҳар кадоме дирафшҳои вижае доштанд, ки рӯяшон намодҳое тарсим гашта, аз рӯи онҳо тафовути як сипоҳ аз сипоҳи дигар муайян мегардид. Чунин дирафшҳои вижаро, пас аз солиёни дароз дар Аврупо ба унвони «штандарт» ҷорӣ намуда буданд. Дар номаи бостони Ҳаким Фирдавсӣ дирафшҳои сипаҳбадону гурдон, ба сурати зер бозтоб шудаанд: Дирафши Рустам – аждаҳопайкар, дирафши Тӯс – пилпайкар, дирафши Гев – гургпайкар, дирафши Гударз – шерпайкар, дирафши Исфандиёр – ҳумопайкар, дирафши Фарибурз – говмешпайкар, дирафши Гуроза – гӯрпайкар, дирафши Фарҳоди Қубод – оҳӯпайкар, дирафши Ашкаш – пайкарпаланг, дирафши Занга – пайкарҳумо ва ғайра.
Дар бораи рангҳои парчамҳо ва умуман рамзи рангҳо, донишиёни мағрибиву машриқӣ нигоҳҳои гуногун дошта, ҳар кадоме аз зовияи биниши мардуми худ фалсафаи рангҳоро бозгӯ кардаанд. Воқеан, дар таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ файласуфон тобиши рангҳоро ба гунаи худ дарёфтаанд. Масалан, модигароиҳо (материалистҳо) бар он боваранд, ки ранги сурх далолат ба хун ва мубориза баҳри озодиро дорад, ранги сафед бознамоёнгари барфу покизагӣ аст, ранги зард ишора ба биёбону бодияҳо дорад ва ғайра.
Метафизикҳо бар он гумонанд, ки рангҳо дорои рамзҳои ба ҳам зидду нақиз мебошанд. Чунончи, ранги сиёҳ баёнгари азодорӣ ва ҳамзамон муносиботи таносулӣ мебошад, ранги сафед ифодагари иффату беолоишӣ ва ҳамзамон марг, ранги сурх ба ишқ ва нафрат, зард ба садоқату самимият ва ҳамзамон ба хиёнат ишора мекунад.
Имрӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия парчами серанга («триколор») машҳур аст. Шумори зиёди халқиятҳои рӯи замин рангҳои вижаеро пазируфта, онҳоро рамзи миллату давлати худ гуморидаанд. Чуноне ки давлати Фаронса рангҳои сурху сафеду обӣ, Италия – сабзу сафеду сурх, Австрия ва Канада – сурху сафеду сурх, Русия – сафеду обиву сурх, Нидерланд – сурху сафеду обӣ ва монади он.
Дар «Авасто», ҷуз аз бастагии рангҳо ба табақаҳои ҷомеа, ки дар боло гуфта шуд, рангҳои писандидаи ориёиҳо бо диди вижае бозгӯ шудааст. Аз ҷумла оварда шудааст, ки сурх – нерӯмандӣ, мардонагӣ, ҷасорат; зард – бузургӣ, шукӯҳ, сарватмандӣ; сабз (бунафш) – озодӣ, тандурустӣ, умед ба оянда; сафед – покӣ, хирад, андешаи некро далолат мекунанд.
Ба нигар мерасад, сухангустарӣ дар бораи рангҳои парчамҳо, бидуни ёдкарди алоҳидаи рангҳову кайфиятҳои дирафши коваёнӣ пурра нахоҳад буд. Чуноне дар оғози ин навиштор ишора гардид, ба бори нахуст таърихи пайдоиши дирафши коваёнӣ дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ бозтоб гардидааст; Кова пешбанди чармини оҳангарии худро ба найза баста, бармеошӯбад ва он дирафши қиёми мардум мегардад. Ба ҳангоме ки Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ пӯстини ба найза барбастаро мебинад, бо гавҳари дурахшон ва дебои (матоъи нафиси) Рум онро меорояд. Аз ситораи он дирафш рангҳои сурху зарду бунафш ҷило медиҳад:
Биёрост онро бо дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум. . . . . . . . . . . .
Фурӯ ҳишт з – ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Коваёни дирафш.
(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 100)
Пас аз он ҳар шоҳе, ки бар тахти каёнӣ нишаст, ба он чарм гавҳари нав ба нав баровехт. Баъдҳо дирафши коваёнӣ дебову аз парниён сохта шуда, мояи ифтихори озодагон гардидааст:
Зи дебои пурмояву парниён,
Бар он гуна гашт ахтари коваён.
(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 102 )
Расми дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон ва ба рағми пайгирӣ аз корномаҳои онҳо, ғолибан шоҳ дирафши меросиро бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупоридааст. Ҷолиб ин аст, ки дар маросими супоридани дирафш, чун имрӯз расми бӯсидани он ривоҷ доштааст. Ончуноне ки шоҳ Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбин, бо як шукӯҳи вижа мебӯсад:
Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш,
Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш,
Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод,
Фаровон бар ӯ офарин кард ёд.
….. ….. ….
Дирафши вай аст он чи дорӣ ба даст,
Ки пирӯз бодиву хусравпараст.
Зи майдон биёмад ба ҷойи нишаст,
Сипаҳбад дирафши Таҳамтан ба даст.
(«Шоҳнома», ҷ.VIII, с. 490)
Ин нукта дархӯри таваҷҷӯҳ аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» и беҳамто, парчами душманони Эрон, лашкари туркону тозиён, аз ҷумла Сова ва Афросиёбро, бо ранги сиёҳ ба тасвир оварда, сар ба зер афкандани дирафши сиёҳро рамзи мағлуб сохтани душман бозтоб намудааст. Бад – он гуна, ки Бежан дар набарди хунин турконро мағлуб карда, парчами сиёҳашонро сар ба зер меафканад:
Ки Бежан ба пирӯзӣ омад чу шер,
Дирафши сияҳро сар оварда зер.
(«Шоҳнома», ҷ. V, с. 74)
Дирафши коваёнӣ шӯрбахтона бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба истиқлолияти давлатӣ, беҳтараш бояд гуфт то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 29 солагии он бо як тантанаи бошукӯҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрошта нагашт. Дар бораи сарнагунии дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд то он гавҳарҳо бигшоянд ва он пӯст бисӯхтанд.»
Ончуноне аз наворҳои телевизионии Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллиро бо як эҳсосоти фарогир тамошо кардем, Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда, ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро, бӯсида буд.
Ин лаҳзаи ҳассос ба чашмони шахси аз таърихи давлатдории тоҷикон огоҳ ашки ғурур меоварад. Ин иқдоми наҷиби Роҳбари навинтихоби давлати тоҷикон ҳамон лаҳазаи ҳассоси бо дасти шоҳ Ҳурмуз ба Баҳроми Чӯбина (бобокалони Исмоили Сомонӣ), супоридани парчами Рустами Дастонро мемонд. Ҳамон гуна ки дар «Шоҳнома» омадааст, шоҳ Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбин, бо як шукӯҳи вижа мебӯсад:
Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш,
Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш,
Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод,
Фаровон бар ӯ офарин кард ёд.
Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёкони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.
Ҳоло хушбахтона дар саросари марказҳои навоҳи, вилоятҳо ва пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе парчами давлати Тоҷикистон партавафшон мебошад ва ливои (штандарти) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун дирафши коваёнӣ дубора барафрошта буда моро даъват месозад, ки ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ карда, барои ба абад болидаву парафшон будани дирафши миллӣ, тану ҷон дареғ надорем.

Бо ин навиштори худ, ки ҳамаро ба меҳанпарастӣ ва варҷованд (арабиаш муқаддас) донистани парчами миллиамон даъват мекунам, ба хонадони ҳар яки шумо болидагии тану ҷон, сарбаландӣ ва комгориҳои афзун орзу мекунам. Бигзор парчами тоҷикон чун дар замони Рустами Дастон дар фарози кишвари зебоямон пар – пар бизанад.

Зафар МИРЗОЁН.
Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code