КӮЛОБ-ТАШАББУСИ СОЗАНДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли 2020 дар шафати бинои Шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии милоявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби директори Агентӣ генерал- майори адлия Султонзода Сулаймон Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф,  полковники адлия  Носирзода Абдураҳмон Ибод  ва дигар шахсони расмӣ дар вазъияти тантанавӣ хобгоҳ, ошхона ва майдончаи варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ин росто, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф меҳмононро ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, чунин ташаббусҳои ватандӯстонаро ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ва намунаи ибрат унвон намуд.

 

 Сипас директори Агентӣ генерал- майори адлия Султонзода Сулаймон Саид суханронӣ намуда, барои чунин майдончаи варзишӣ изҳори сипосу минатдори намуд.

Ҳамчунин қайд доштанд, чунин шароит барои кормандон имкон медиҳад, ки  берну аз вақти корӣ мунтазам ба машқу тамрин ва обу тоби ҷисмонӣ машғул мешаванд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code