ДАР КӮЛОБ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҶАШН ГИРИФТА ШУД

Санаи 24 ноябри соли равон дар қасри фарҳанги  шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Файзулозодда Заробуддин, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф собиқадорон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар қисмати тантанавӣ нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб сокинони шарафманди шаҳрро табрик намуда, қайд карданд, ки имрӯз Парчами давлатӣ на танҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, балки дар айни замон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат дар фаросӯи фурсатталабиҳои ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ ҳамаи моро дар майдони корзори ватансозӣ мутттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза мебахшем. Зеро баландии парчам ин сарбаландии ҳар яки мо ва устувории пояи Парчам ин қомати росту устувори давлату миллат аст.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон аз номи раиси вилоят ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд.

Изор дошт, ки барои мо тоҷикон боиси шарафмандиву саодат аст, ки дар як фазои сулҳу субот ва истиқлолияти бардавом яке аз муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатиро таҷлил намуда истодаем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо фарзандони ин миллат ба арзишҳои миллии худ арҷ гузорем.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ансамбли рақсии театри мазҳака-мусиқии  ба номи Сайдалӣ Вализода  бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

                                                                                                 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code