ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

????????????????????????????????????

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кулли сокинони сарбаланди кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор аз он дорем, ки фарзандони миллати соҳибтамаддун ҳастем ва гузаштагони бонангу меҳанпарвари мо аввалин оини парчамдориро бунёд гузоштаанд.

Аз ин рӯ мо амиқан ба дарки моҳияти баланди сиёсӣ ва фалсафаи миллии Парчами давлатӣ расида, онро ҳамчун нишони ватандорӣ ва рамзи иттиҳоду ягонагии тамоми халқ дар роҳи ҳифзи озодиву истиқлолият гиромӣ медорем.

Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дурустӣ таъкид кардаанд, ки: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан ҷавонон ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Бо ин самимият, мо ин арзиши бузурги давлатдории миллиамонро асолатмандона ҳифз карда, бо кору амалу номи неки худ Парчами Тоҷикистонро дар баландтарин пояҳои дунё парафшон месозем.

Зеро барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз аввалин ливодорон буданд,  Парчам рамзи муборизаву ҷоннисориҳо барои даст ёфтан ба озодиву Истиқлолият, манбаи нерӯву қудрат дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ дониста мешавад. Ин ғаризаи фитрии миллатро дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо халқи шарафманди тоҷик бо кору амали меҳанпарваронаи худ собит намуд.

Парчами мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи мост ва гӯётарин гувоҳ бар он, ки тоҷик на фақат дар фарҳангу илми умумибашарӣ саҳми арзанда дорад, балки дар давлатдориву давлатсозӣ низ яке аз миллатҳои бунёдгузор тамаддунофар ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Парчами давлатӣ на танҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, балки дар айни замон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат дар фаросӯи фурсатталабиҳои ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ ҳамаи моро дар майдони корзори ватансозӣ мутттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳукуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза мебахшем. Зеро баландии парчам ин сарбаландии ҳар яки мо ва устувории пояи Парчам ин қомати росту устувори давлату миллат аст.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code