БА КӮЛОБ ТЕХНИКАҲОИ НАВ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КОММУНАЛӢ ВОРИД ГАРДИД

Дар доираи лоиҳаи  идоракунии партовҳои сахти маишӣ то имрӯз 7 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ дар муассисаи давлатии “Хоҷагии коммуналӣ”-и назди МИҲД-и шаҳри Кӯлоб  кору фаъолият доранд.

Тавре, роҳбари муассиса Рустам Неъматзода иттилоъ дод, имрӯз боз 5 адад техникаҳои махсуси партовбардор вориди корхона гардиданд. Ногуфта намонад, ки аллакай 660 қуттиҳои оҳанини партовғундорӣ ба деҳаву маҳаллаҳо дастрас гардидаанд.

Дар дораи лоиҳа Барномаи компютеркунонӣ ба муассиса компютерҳо дастрас гардида, бино азнавсозӣ гашта истодааст.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code