Дар Кӯлоб озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид

 Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» иштирокчиён аз рӯи шартҳои зерин: намоиши либосҳои миллӣ, тарзи тайёр намудани хӯриш, ширинӣ, гуландозии кулча, тарзи тайёр намудани оши бурида, дӯхтани шероз ва бофтани ҷӯроб, қаламзанӣ ва чакандӯзӣ дар матоъ, ороиш ва парвариши мӯй ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур-ин муайян намудани беҳтарин кадбонуҳо, инчунин  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши ин ҳунарҳо ба ҷавондухтарон мебошад.

Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

ДУШАНБЕ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code