ВОХӮРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА АЗ ҲХДТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ.Санаи 20.11.2020 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” вохӯрии номзади арзанда аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муовини раиси шаҳри Кӯлоб Раҳимов Суҳроб,масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов бо иштироки интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ номзад аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Раҳимов Суҳроб, масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Насим, ва шахсони боэътимоди номзад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва Абдулло Бобоев иштирок ва баромад намуданд.
Пас аз муаррифии тарҷумаи ҳоли номзад аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор Раҳимов Суҳроб ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш, ба саҳми ҳозирин иттилоӣ дод.
Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code