ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ОЗМУНИ КАДБОНУИ БЕҲТАРИН ДОИР ГАРДИД

Санаи 19 ноябри соли 2020 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” доир карда шуд.
Озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.
Дар озмун донишҷӯдухтарон аз рӯи шартҳои зерин: аз қабилӣ, намоиши сару либоси миллӣ, тарзи тайёр намудани хӯриш, ширинӣ, гуландозии кулча дар хамир, тарзи тайёр намудани оши бурида, духтани шероз ва бофтани ҷӯроб, қаламзанӣ ва чакандӯзӣ дар матоъ, ороиш ва парвариши мӯй ҳунарнамоӣ намуданд.
Иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мақсад аз баргузории озмун ин муайян намудани чеҳраҳои ҳунарманду чирадаст ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Мутахассиси пешбари бахши матбуотӣ- Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code