МЕЪЁРИ ТАНЗИМ- МЕЪЁРИ ЗИНДАГӢ

 Санаи 13 ноябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб семинари омӯзиши дар мавзӯи “Меъёри танзим- меъёри зиндагӣ” доир карда шуд.

Дар семнар сардори Раёсати танзими анъанаи ва ҷаншу маросми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Саттор Хол, мутахассиси пешбари бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Салимов Саймуҳаммад, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷаншу маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сармутахассисон  ва мутахассисони дин, танзими анъана ва ҷаншу маросими ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотии минтақаи Кӯлоб ва дигар намояндагон иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳамчунин, дар семинар-омӯзиш доир ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешигирии аз бемории коронавирус гуфта гузаштанд.

Дар ин росто, қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар  маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Инчунин, мувофиқи моддаи 15-и ҳамин қонун дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеъи ва хуқуқӣ риоя накардани талаботҳои қонуни мазкур, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 Вобаста ба ин мавзӯҳо дарҷ карда шуд, ки гарчанде, аз ҷониби шаҳрвандон талаботҳои қонуни мазкур риоя гардида истода бошад ҳам, аммо мутаасифона дар баъзе ҳолатҳо талаботҳои ин қонун риоя намегардад, ки чунин ҳолатҳо ошкор карда шудаанд.

Инчунин вобаста ба  Моддаи 2. қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи саломатӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ, солимгардонии муҳити зист, ҳифзи тартиби муқарраргардидаи амалӣ кардани ҳокимияти давлатӣ, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, моликият, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат мебошад.

Дар охир аз тарафи иштирокдорон саволҳо пешниҳод карда шуда, ҷавобҳои қаноъатбахш гирифтанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code