КӮЛОБ-МО  ПАЙРАВОНИ  ПЕШВОИ  МИЛЛАТЕМ

Бо мақсади дар сатҳи баланд  доир гардидани «Рӯзи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон», Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  барои тарғиби васеи ҳадафҳои  стратегии  ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб  санаи 16.11.2020  дар толори машваратии китобхона конфронси хонандагонро дар мавзӯи «Пешвои пешбар ва некахтар» баргузор намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас  Обидзода Саймуҳаммад Рустам директори Китобхонаи вилоятӣ  бо сухани ифтитоҳӣ  чорабиниро оғоз намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки воқеан ҳам халқи мо дар шахси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Пешвои ҳақиқиро пайдо намуд, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ халқу Ватанро аз вартаи фалокат раҳо созад ва дар пешрафти кишварамон раҳнамо бошад.

Ҳамзамон дар чорабинӣ Мирзоев Умедҷон Хайруллоевич–Ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори муҳорибаҳои ҷангӣ, нафақахӯри  ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар мавзӯи  «Заминаи таърихии барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» баромад намуда, ҳозиринро аз даргузашти ин  санаи муҳим равшанӣ андохт, ки аз тарафи иштирокчиён бо як ҳисси баланди миллатдӯстиву ватанпарастӣ  қабул гардид.

Инчунин дар кори конфронс муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб  Фирӯзи Саймумин, сармутахассиси бахши Раёсати фарҳанги шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сарахон баромад намуда, қайд намуданд, ки  ба хушбахтии халқ ва саодати ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки дар замирашон ҷасорат, муҳаббат ба халқу Ватан буд.

Дар рафти чорабинӣ аъзоёни маҳфили “Ганҷи дониш”-и назди Китобхона ва курсантҳои  коллеҷи милитсия  бо қироати шеър ва суруд хотири ҳозиринро шод гардонида, ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу суббот ва Ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю  кӯшиши худро равона месозем ва  мо  хушбахттарин насли миллат ҳастем, ки чунин Пешвои муаззамро мебинем, дар ҷону қалбамон эҳсос мекунем ва ифтихори бузург дорем, ки ҷузъе аз таърихи миллат мешавем.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, баъди анҷоми қисмати расмии он иштирокчиёни фаъол ва меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравии  таъсиснамудаи  маъмурияти Китобхона сарфароз гардонида шудаанд.

 Абдулҳакимзода  Саодат-корманди

Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии

вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code