ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабини бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, муовинони раис, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо садододани суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф суханрони намуда, қайд карданд, ки тавре медонем, соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномаи худ, ки аз маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ҳалли буҳронҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон иборат буда, меҳвари асосии онро сулҳу оромии кишвар ташкил медод, вориди интихобот шуд ва 6-уми ноябри ҳамон сол бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Санаи 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз рӯзи ид қабул гардидани санаи 16 ноябр низ дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави сиёсӣ, яъне тибқи Конститутсия сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Зимнан, аз ин роҳ миллати тамаддунофар ва ҳақшиноси тоҷик аз таърихи пурпечутоби давлатдории худ ёдовар гардида, ба хизматҳои қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат дар эъмори давлати мустақили тоҷикон пайваста арҷ мегузорад.
Воқеан, барои миллати тоҷик хушбахтии бузурге даст дод, ки дар шароити тақдирсоз ва вазъияте, ки ҳеҷ кас ба ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол боварӣ надошт, фарзанди баномус ва ватандӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва дар дили халқ шӯълаи умедро дурахшон кард. Маҳз аз даврае, ки мавсуф дар Иҷлосияи 16-ум раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо ҷасорату боварӣ ваъда дод, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, халқи тоҷик дар симояш Пешвои воқеии худро дид. Маҳз дар ҳамин давра бо роҳандозии дурусти сиёсати дохилӣ ва дипломатияи байналмиллалӣ аз як сӯ мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват намуд ва аз сӯи дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба афзалиятҳои хотимаи ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои минтақа мутақоид сохт.
Сипас, иштирокчии 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Шарифзода, Ҳақназар Ғойиб доир ба беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.
Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.
Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб як дастаи савту наво пешкаши меҳмонон карда шуд.
Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code