ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳар ҳафта аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, расидагӣ ба арзу шикоятҳои табақаҳои ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрам қабули шаҳрвандон аз тарафи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад.

Санаи 14 ноябри  соли 2020 қабули шаҳрвадон аз тарафи  раиси шаҳр бо иштироки муовинони раис, шуъбаву бахшҳои мақомот ва дигар сохторҳои дахлдор доир карда шуд.

Дар қабули мазкур  26 нафар шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ, оид ба масъалаҳои гуногун, муроҷит намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҷиҳати ҳалли  масъалаҳои мавҷуда ба муовинон супоришҳои қатъӣ дод.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code