Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб беш аз дурнамо пахта истеҳсол намуданд

Кишоварзони Ҷамоати  деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар кишту парвариши пахта таҷрибаи бой дошта, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, додани нуриҳои минералию органикӣ, пошидани заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашарот ва обмонӣ сари вақт тавонистанд ҳосили хуб ба даст оранд. Деҳқонони кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати мазкур  аз майдони 964 гектар  2196 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки аз дурнамои истеҳсоли пахта зиёд мебошад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагиҳо ба ҷамъоварии хосили боқимондаи пахта машғул буда, дар ин кор ба онҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони корхонаю ташкилоти шаҳри Кӯлоб  кумак мерасонанд.

Ҳоло дар саҳрои хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҳосил фаровон буда, кишоварзон мақсад доранд ҳосили бо ранҷ парваридаашонро то кураки охирин ҷамъоварӣ намоянд. Зеро зиёда аз нақшаи дурнамо ҷамъоварӣ кардани ҳосил ба буҷаи хоҷагиҳо маблағи иловагӣ ворид намуда, ба некуаҳволии саҳмдорон ва бо ашёи хом  таъмин намудани корхонаҳои  саноатӣ мусоидат мекунад.

КӮЛОБ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code