МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОББАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИНОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи сеюм), маоши мансабӣ – 1335 сомонӣ;
  2. 2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  3. 3. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  4. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  5. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  6. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  7. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  8. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ;
  9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби 1038 сомонӣ;
  10. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 807 сомонӣ;
  11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 807 сомонӣ;

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

 

–  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

  Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мудири шуъба

 

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

       Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code