ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи театри тоҷик

Сокинони бофарҳанги шаҳри Кӯлоб,

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шуморо ба фарорасии Рӯзи театри тоҷик табрику муборакбод мегӯяд.

Имрӯз тетри тоҷик 91-сола мешавад. Маҳз санаи 7 ноябри соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аввалин театри касбии тоҷик дар бинои “Хонаи деҳқонон” таъсис меёбад. Дар оғоз чунин фикр мекарданд, ки амалӣ намудани ин иқдом, хусусан тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ниҳоят мушкил аст. Аммо вақте соли 1937 Ефим Исаевич Мителман ба ҳайси саррежиссёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омад, иқрор гардид, ки тоҷикон заминаи мустаҳками фарҳангӣ ва бадеӣ дошта, ҳунарро дар вуҷуди ҳар яки онҳо кашф кардан мумкин аст. Фақат лозим аст мо якеро тасодуфан ба рӯи саҳна барорем ва даҳҳо ҳунари модарзодеро дар вуҷудаш бинем, ки дар баъзан ҳунармандони маъруф наметавон ёфт.

Дар зимн, набояд фаромӯш сохт, ки таърихи театри тоҷик фаротар аз 91 сол аст. Зеро гузаштагони мо дар тули ҳазорсолаҳо ин ҳунарро ривоҷу равнақ додаанд, ки намунаҳои онҳоро мо дар ҷашнҳои миллиамон “Наврӯз”, “Сада” ва “Меҳргон” бараъло эҳсос мекунем. Ҷой зикр аст, ки танҳо як намоишномаи миллии мо бо номи “Ашшагулон” таърихи беш аз даҳҳазорсола дорад, ё худ оини “Раҷазхонӣ”-и паҳлавонони мо қадимтар аз намоишномаҳои гладиатории Рими қадим аст. Аммо бо аз даст додани давлатдории миллӣ ин таърихномаҳо то андозае ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд.

Ҳамзамон, дар тӯли ҳамин 91 соли ахир низ, театри тоҷик шебу фарози зиёдеро тай кард ва ҳатто замони Ҷанги бузурги ватанӣ, ки тамоми театрҳои сатҳи ҷаҳонӣ  таътил гашта буданд, аз фаъолият боз наистод. Ҳатто дар марҳилаҳои душвори солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар низ театри тоҷик рисолати созанда худро дар роҳи тарбияи ҷомеа сарбаландона иҷро кард.

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро метавон марҳилаи аз нав эҳё шудани анъанаҳои театри миллии тоҷик номид. Зеро маҳз дар ҳамин давра таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъҳои намоишномаҳои театрӣ ба фарҳанги миллӣ созгор гардиданд. Ба рӯи саҳна нақши чеҳраҳои таърихии миллат аз қабили Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, инчунин, шоирону адибону олимони забардаст, ба мисли Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Сино, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ғайраҳо ҳувайдо шуданд. Инфрасохтори театрҳои кишвар рушд намуда, ҳунармандон дар ҷомеа нуфузу эътибор ва мақоми хосаро дарёфтанд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат як қатор ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи рушди инфрасохтори театр ба анҷом расидааст, ки бунёди театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода ва Амфитеатри шаҳри Кӯлоб аз зумраи онҳост.

Мардуми бомаърифати шаҳри Кӯлоб,

Тавре медонам, театрро оинаи зинагӣ меноманд ва ҳар яки мо ба оинае, ки симои воқеии ҳаётамонро нишон диҳад, эҳтиёҷ дорем. Зеро маҳз тавассути бештар назар кардан ба ҳамин оина, яъне бештар ба театр рафтан мо метавонем худро ислоҳ созем, ба тартиб дарорем ва зиндагиамонро мазмуну таровати нав бахшем.

Бо назардошти ин, дар Рӯзи театри тоҷик ба ҳамаи Шумо бахту саодат орзӯ намуда, таманнои онро менамоем, ки ҳамеша оинаи зиндагиатон поку мусаффо бошад.

Рӯзи театри тоҷик муборак бод, ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code