СОҲИБКОРЗАНИ КӮЛОБ БО ҶОИЗАИ “ОБОДГАРИ ВАТАН” САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД

Имрӯз аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорзани Кӯлоб Ҳакимзода Шарора Сипоснома ва ҷоизаи “Ободгари Ватан” тақдим карда шуд.

Дар ин росто, соҳибкорзан Шарора Ҳакимзода минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонда, иброз дошт, ки мо занон аз дастгириҳои роҳбари давлат бениҳоят сарфарозу сипозгузор ҳастем ва барои рушду ободии Ватан пайваста саҳм мегузорем.

 

 

 

Бахши матбуотӣ

????????????????????????????????????

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code