СУҒУРТА – САРЧАШМАИ БОЭЪТИМОДИ САРМОЯГУЗОРӢ

Бахши суғурта ҳамчун яке аз механизмҳои самараноки бозор бояд рушди устувори иқтисодиёт ва доираи иҷтимоиро таъмин намуда, ба фаъолияти иқтисодии масъулиятноки субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намояд ва хароҷоти иҷтимоии буҷети давлатро кам созад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи ислоҳоти бахши суғурта ҷиҳати иҷрои супориши протоколи ҷаласаи XIII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014, таҳти № С/22-3 ва банди 4.1.-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, таҳти №788 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бахши сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шуда буд.

Айни замон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 851 аз 13 марти соли 2017 ваколати назорати суғуртавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Агар ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонии амалигардонии назорат ва танзими бахши суғурта назар кунем, дар Литва, Эстония, Арманистон, Қазокистон ва Россия назорати бахши суғурта дар баробари назорати бонкӣ аз тарафи Бонкҳои Марказӣ амалӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар Федератсияи Россия назорати бахши суғурта то сентябри соли 2013 аз ҷониби Хадамоти Федералии назорати бахши суғурта дар назди Вазорати молияи Федератсияи Россия фаъолият дошт. Аз 1-уми сентябри соли 2013 назорати бахши суғурта дар баробари назорати бахши молиявӣ, дар маҷмӯъ, ба бонки марказии Россия вогузор карда шуд.

Ҳамзамон, қайд кардан ҷоиз аст, ки дар бозори суғуртаи Тоҷикистон ягон ташкилоти азнавсуғуртакунӣ вуҷуд надорад ва таваккалҳои калон дар ташкилотҳои хориҷӣ аз нав суғурта карда мешаванд, ки ин боиси аз мамлакат берун шудани маблағҳои зиёд мегардад.

Қайд намудан зарур аст, ки вогузор намудани назорати бахши суғурта ба Бонки миллии мамлакат афзалиятҳои назаррас дорад. Чунки дар ин ҳолат худи Бонки миллӣ метавонад бо истифода аз иқтидори баланди зеҳнӣ ва моддию техникӣ назоратро аз болои фаъолияти бахши суғурта амалӣ гардонад.

Дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ворид намудани мақоми назораткунандаи соҳаи суғурта ва сохтори ташкилии БМТ имконият медиҳад, ки мустақилияту мухторияти мақоми назораткунандаи соҳаи суғурта дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад.

Агар танзим ва назорати соҳаи суғурта дар доираи фаъолияти Бонки миллӣ ҷараён гирад, нуфуз ва эътимоднокии он боз ҳам баланд мешавад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, яке аз монеаҳои асосии рушди бахши суғурта дар тамоми ҷаҳон нобоварии истеъмолкунандагон, яъне суғурташавандагон ба ин бахш мебошад. Агар суғурташавандагон донанд, ки фаъолияти бахши суғурта зери назорати чунин ташкилоти бонуфуз ба монанди БМТ қарор дорад, бо онҳо ба роҳ мондани робитаҳои эътимоднок хеле осон мегардад.

Бахши рушдёфта ва устувори суғурта, дар навбати худ, ба дигар доираҳои бозори молиявӣ ва махсусан ба рушди бозори фаъоли сармоя ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат ба иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбат мерасонад, зеро бахши суғурта сарчашмаи дохилии доимӣ ва нисбатан боэътимоди сармоягузориҳо ба иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад.

Шамсулозода Шукрулло-

мудири кафедраи идоракунии молиявии давлатӣ дар

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сулҳияи Абдухолиқ –

магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code