ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАРДОНӢ ГАРДИДАНД

Дар  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарҷ  гардидааст; «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб-маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин  воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ мегардонад ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамо мекунад».

Ҳамин аст, ки дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  китобдорон ҷиҳати иҷрои талаботи амри мазкур ҳамаррӯза барои  ҷалби  хонандагони муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон, донишҷуён ва дигар намояндагони касбу кори гуногун, ки завқи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд ба китобхона барои мутолиаи  китоб ва аз худ намудани порчаҳои назмию насрӣ даъват ба амал  оварданд.

Санаи 26.10.2020  дар толори машваратии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани табрикотӣ  директори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад ифтитоҳ намуда, довталабонеро,ки дар даври якум ,дуюм ва сеюм ғолибиятро ба даст оварданд муборакбод намуд. Сипас довталабони ғолиби даври дуюм бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои хотирвии Муассисаи мазкур қадрдонӣ гардидаанд.

Саодат Абдулҳакимзода – корманди Муассисаи

давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти

Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code