«Равшан» пеш аз муҳлат ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид

Шоми  дирӯз дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Кӯлоб  бозии даври 21-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон байни  дастаҳои   футболи   «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи  дастаи  футболи   «Равшан» хотима ёфт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ дастаи  «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъро  мағлуб кард ва  як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мавсими соли 2021 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буданд. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба дастаи  «Равшан» пирӯзӣ оварданд. Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.

Дастаи  футболи «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи  футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардидааст.

Дастаи футболи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои футболи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод байни  ҳам талош доранд.

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 25  октябр баргузор мешаванд.

 /АМИТ «Ховар»/. 22.10.2020 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code