«Равшан» дар Чемпионати Тоҷикистон миёни наврасони то 15-сола ғолиб гардид

 Дастаи футболи   «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон  миёни наврасони то 15-сола ғолиби мусобиқа гардид. Чемпионати мазкур бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб (мураббӣ Фаридун Рустамов) шуд. Медалҳои нуқраро дастаи футболи «Суғд» (мураббӣ Аҳрор Ғафуров) ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ (мураббӣ Ҳасан Раҷабов) ба даст оварданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории чемпионат дар шаҳри  Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони мамлакат  Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.

Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари чемпионат ба Ҳайдаршо Худойдодов аз дастаи футболи   «Суғд»  тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов  аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб беҳтарин нишонзан эълон шуд.

Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов (“Равшан”) аз худ кард.

21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code