БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Дар шаҳри Кӯлоб ду даври озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳмот” барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.

Дар ин росто, санаи 17 уми октябри соли 2020, дар толори Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳмот” барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” байни тамоми  ташкилоту муаасисаҳо  доир гардид.

Тамоми ташкилоту муассисаҳои  шаҳр бо масъулияти баланд, ҷиҳати сазовор гардидан ба мақоми арзанда, бо тамоми ҷаҳду талоши хоса байни худ сабқат намуданд.

Дар натиҷа 6 нафар ғолиб муайян карда шуда, ба қисми ниҳои барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” роҳхат дода мешавад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code