ДАСТАИ РАВШАН-И КӮЛОБ СОҲИБИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

Санаи 18.10.2020, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии финалӣ дастаи “Хатлон”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Шоми ҳамон рӯз дар боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб дастаи қаҳрамонро раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, муовинони раиси шаҳр, дастгоҳи ҳукумат ва оммаи васеи мухлисон бо гулу гулдаста ва оҳангу тарона тантанавор истиқбол гирифтанд.

Аъзои дастаи “Равшан” аз ин пазироии самимӣ рӯҳбаланд гардида, ваъда доданд, ки минбаъд низ барои ғолиб омадан дар мусобиқаҳои Лигаи олӣ талош хоҳанд кард.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code