Саҳифаҳои пурсӯзи таърихи миллат дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”

Баъд аз пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узви онро зарур буд, ки сохти нави давлатиро интихоб намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро интихоб намуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комсомол аллакай бо он мувофиқат намекард, яъне он дигар наметавонист ҳадафҳои аслии худро татбиқ намояд. Ҳамин тариқ, дар тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусан, ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо фаъолияти Комсомол дар нақшаи нави давлатӣ – сиёсати давлатии ҷавонон, ки ба сохтори идоракунии демократӣ хос мебошад, ташаккул дода шуд.  Ин қарор дар он шароит рӯи кор омад, ки сохти идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба таври мукаммал вуҷуд надошт.

Қадами аввалин барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон чун амали маъмулӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 оғоз гардид. Маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтию нокомиҳои пай дар пайи бавуҷудомода Пешвои муаззами миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати давлати ҷавонон афзалият медод.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию  иҷтимоӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Сарвари кишвар, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар шароите ба вуқӯъ омад, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ дар ҳоли ташаккул қарор доштанд ва мамлакат дар оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ба ин сахтиҳо нигоҳ накарда, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек, дастёбӣ ба мустақилият ва баланд гардонидани ҳуввияти миллӣ Сарвари давлат бо ҷавонон мулоқот барпо намуданд.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардида, мувофиқан ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд. Дар солҳои минбаъда мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таъсис ёфт ва маҳз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат буд, ки ин кӯшиш хусусияти устуворӣ касб намуда, дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихӣ боз гардид ва насли ҷавон дар симои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро ёфтанд.

16 майи соли 1998 мулоқоти сеюми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба илму маърифат, нақши ҷавонони бомаърифату кордон дар бунёди давлат, дастовардҳои фарзандони фарзонаи тоҷик, истиқлолият ва мероси фарҳангию таърихӣ, забони давлатӣ, сулҳу ваҳдату ягонагии миллат баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни он Сарвари давлат доир ба масъалаҳои таҳияи Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон, Барномаҳои миллии ҷавонон, эълони 23 май ҳамчун рӯзи ҷавонон ва дигар чораҳо вобаста ба пешгирии нашъамандии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани рушди соҳибкорӣ дастурҳо доданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ доир ба соҳаи ҷавонон, ки яке аз самтҳои сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад, моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд.

Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”. Бо ин мақсадҳои наҷиб санадҳои гуногун аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», ки механизми амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мерафт, Барномаҳои миллии «ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2007- 2009 ва 2010- 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 ва соли 2004 тавассути ташкили гурӯҳӣ корӣ лоиҳаи нави Қонуни мазкур таҳия гардида, он бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид.

Қонуни аввал қабулгардида, тавре дар боло ишора  намудем, мақсадаш танҳо дар самти дастгирии ҷавонон равона гардида буд ва бо фарқият аз қонуни дар таҳрири нав қабулгардида ба он асос меёбад, ки акнун объекти қонунро дар баробари сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин худи ҷавонон низ ташкил медиҳанд. Ин шаҳодати он аст, ки бартарият ба соҳаи ҷавонон ҳамчун низоми сиёсӣ ва пуриқтидор дода шуда, дигар соҳаҳо ба он зам карда шуданд. Ҳамоишҳои мазкур бори дигар дар зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва бевосита Сарвари давлат қарор доштани ҷавононро собит месозад. «Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст» қайд менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон, имрӯз, яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.

Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳар давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҳукумати кишвар низ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро қабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани ҷавонон шароити васеъ фароҳам овард.

Махсусан эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад. Инчунин  баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқаррар намудани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ ва ғайра шоҳиди гуфтаҳои боло мебошанд.

Ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Зеро маҳз ҷавонони дорои эҳсоси ватандӯстии баланд, метавонанд пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд.                         

Таърих, фарҳанг ва забони давлатиро арзишҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ мешуморанд, ки ин ҳақиқати ҳол аст. Фидокориву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик, махсусан барои ҷавонони ояндасоз беарзишанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки ин сарзамини биҳиштосоро барои насли ҷавонони хуштолеъ пойдору обод намудааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон бисёр имтиёзҳо таъмин карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо 50 ҳазор ҷавонони тоҷик берун аз ҷумҳурии азизамон, яъне дар хориҷӣ кишвар таҳсил намуда истодаанд. Бо ташкил намудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзи беҳтарини донишомӯзӣ ва сазовори номи донишҷӯ  гардидани ҷавонон дода шудааст.

Бо сиёсату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол зиёд гардид истодааст, ки ин таконе барои рушди донишомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон шуморида мешавад. Имтиёзҳои барои ҷавонон муҳайёнамудаи Сарвари давлат аз он шабоҳат медиҳад, ки ба қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон ва насли наврас, боварӣ доранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Ман бовар дорам, ки ҷавонони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоянд.Зеро ҷавонон борҳо собит намудаанд, ки дар ҳақиқат пайравони Пешвои  миллат буда, дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноянд. Ман ба ҷавонон итминони комил дорам ва ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоистаи доранд ва “Соли ҷавонон”- ро ҳам бо дастовардҳои зиёди ҷамъбаст мекунад.

Мавриди зикр аст, ки бунёд гардидани майдончаҳои варзишии хурду бузург дар деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва толорҳои ҳавзи шиноварӣ тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Ҷавонон низ, ҷавобан ба ин ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саю кӯшиши худро ҷиҳати ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо – равона намуда, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мекунанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Мову шумо –  ҷавонони соҳибватан бояд фаромӯш насозем, ки падарону бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, шабу рӯз меҳнат намуданд, ба сардию гуруснагӣ тоқат карданд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкорҳои созандагиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа барои мову шумо роҳҳои васеи мошингард, шаҳрҳои нав, иморатҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои олӣ ва институтҳои илмии пешрафта бунёд карданд”.

Сарвари давлат аз кӯшишу талошҳои насли ҷавон дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавонони имрӯзаро ояндаи дурахшони навин хонданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ва эътимоди хоса ба ин насли ояндадор муроҷиат намуда, қайд менамоянд, ки ҷавонони мо ҳар ҷойе ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Имрӯзҳо ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат кору таҳсил карда истодааст, бештар забонҳои хориҷиро омӯхта, соҳиби касбу ихтисосҳои гуногун шуда истодааст, ки ин низ боиси ифтихори мост. Бо дастгирии Сарвари давлатамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ташаббуссу таклифҳое, ки аз тарафи ҷавонон пешниҳод мешаванд, амалӣ гардида истодаанд. Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолро ҳамаҷониба омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.           

Мо ҷавонон, пайваста дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат тамоми саъю кӯшишҳои худро ба донишандӯзӣ, интихоби дурусти касбу ҳунарҳои муосир равона сохта, дар ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саҳми худро мегузорем.

Ҳамзамон, амнияту давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон гардида, пайравони асили Пешвои миллат мебошем.

 

Сафармади Шариф

Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶумҲурии Точикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code