ҶАШНИ МЕҲРГОНРО ДАР КӮЛОБ БО ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

Санаи 16 октябри соли равон  дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёси фарҳангӣ бахшида ба Иди Меҳргон доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ  роҳбарият ва фаъолони шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.

Роҳбарият ва фаъолону меҳмонон нахуст аз намоиши маҳсулоти хоҷагии халқ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Донишкадаи технология ва мененҷментӣ иноватсионӣ, коллеҷҳои омӯзгориву тиббӣ ва маориф ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Пас аз дидани намоиш дар қисмати тантанавӣ муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуфро бахшида ба иди Меҳргон ба сокинони шаҳр қироат намуд.

Дар ин росто, қайд карда шуд  Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди «Меҳргон» басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромад.

Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Зикр гардид, ки кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар амали сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷроиши Барномаҳои соҳавӣ, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзии шаҳри  Кӯлоб қадамҳои устувор гузоштаанд.

Дар охири аз ҷониби бахши фарҳанги  шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code