ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба ҷашни Меҳргон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони бофарҳангу меҳнатдӯсти шаҳрро ба фарорасии ҷашни бузурги миллиамон – Меҳргон табрику муборакбод менамояд.

Ҷойи шукргузорист, ки таҳти сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашну суннатҳои қадимаи аждодиамон, аз ҷумла Меҳргон, эҳё гардида истодаанд. Ҳануз 8-уми октябри соли 2011 Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон дастур доданд, ки ҳамасола моҳи октябр Меҳргон ҳамчун иди миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта шавад.

Расман эҳё гардидани иди Меҳргон нахуст аз фарҳангу маданият ва асолати бузурги гузаштагонамон гувоҳӣ дода, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии моро дучанд месозад.

Хотирнишон месозем, ки Меҳргон ва ҷашнгирии он, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Гузаштагони мо дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати марди деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ниёгони дурандеши мо, ки аз илми зистшиносӣ ҳазорҳо сол пеш бохабар буданд, ҷашни Меҳргон ин ишора ба ҳамаҷониба омода гаштан ба фасли зимистон, беталаф ҷамъоварии ҳосилот, захира намудани маводи ғизоӣ баро худ ва чорво, истифодаи босамари замин ҷиҳати кишти тирамоҳӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт.

Мувофиқ ба пешгӯиҳо боду ҳавои имсола тағйирёбанда шуда, мавсими боришот оғоз мегардад ва  зимистон бошад сард меояд. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқро зарур аст ба зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ дида, маводҳои лозимиро барои гузаронидани зимистон захира намоянд. Махсусан, аз аҳолӣ даъват ба амал меорем, дар ҷамъоварии ҳосили ҳамаи зироатҳо фаъолона иштирок намуда, маводи озуқа ва дигар воситаҳои маиширо ба миқдори кофӣ захира созанд.

Мо ворисони асили миллатеро, ки дар гузашта дигар мардумони саҳронишин “деҳқон” мегуфтанд, имрӯз ҳам аз деҳқон, яъне ободгару бунёдкор ва деҳсозу шаҳрсоз будан ифтихор карда, кӯшиш менамоем ба интизориҳои ниёгон ва бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор бошем.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи сокинони шарафманди шаҳри Кӯлобро ба иди милии Меҳргон табрик намуда, ба Шумо саломатӣ ва дар кору зиндагиатон файзу баракат таманно менамоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code