НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9- МОҲА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 15 октябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам  Исмоилзода Абдуалим ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2020  ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзил ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал, муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2020  ҳисобот дода, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа дигар масъулини соҳа оид ба натиҷаҳои  кории худ баромад намуданд.

Дар ин росто, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф  аз рӯйи ҳисоботи масъулин натиҷагирӣ намуда, оид ба масълаи иҷроиши андоз,  истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҳарбӣ, ҷиҳати обуна ба нашрияҳои даврӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар ин раванд, соҳаҳои рушди иҷтимоӣ аз ҷониби раиси шаҳр дастур гирифтанд, то корҳои идеологиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон ба таври зарурӣ ба роҳ монда, сатҳу сифати таълиму тарбия ва солимии ҷомеаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Муовини якуми  раиси вилоят Хатлон Исмоилзода Абдуалим  низ баромад намуда, ҷиҳати рушду пешрафти кор дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Баъдан аз ҷониби раиси шаҳр  ва дар якҷоягӣ бо муовини якуми раиси вилояти Хатлон  шахсоне, ки дар ободонӣ, бунёдкорӣ, рушду нумуи соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Котиби матбуотӣ -Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code