ТАБРИКОТИ и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми  сокинонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони тоҷикиамон, ки дар тӯли садсолаҳо мавҷудият ва абадияти миллати тоҷикро дар рӯи замин таъмин сохт,  табрику муборакбод мегӯяд.

Ба дурустӣ забон ҳастии миллат аст ва бо шарофати фидокориву азхудгузариҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ҳифзу гиромӣ дошта мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд мисли риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст”.

Беҳуда нест, ки соҳибназарон забони миллатро сарҳади миллат мегӯянд. Воқеан, миллати тоҷик бо шарофати ҳифзи забони худ дар моварои ҳазор соли бедавлатӣ ва ҳазор соле, ки аз лиҳози сиёсиву ҷуғрофӣ дар асорати бегонаҳо қарор дошт, бо нигоҳ дошта тавонистани озодии забону фарҳанги хеш билохира ба озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт.

Ин имтиҳони таърихӣ мо соҳибватанонро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш дар ҳифзи забони модарии худ кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар ин роҳ пайрави Пешвои муаззами миллатамон бошем.

Дар воқеъ, забони ширини тоҷикӣ бо шири модар ба ҷисму ҷони мо ворид шуда, миёни ҷаҳониён муайянкунандаи ҳуввияту асолатии миллатамон гаштааст.

Мо сокинони шаҳри Кӯлоб чун дигар мардуми баруманди кишвар хушбахт аз он ҳастем, ки ниёгони бонангу орамон бо ҳифзу гиромӣ доштани забон ва покиза нигоҳ доштани арзишҳои волои он осори бузурге ба меърос гузошта, бақои миллатро таъмин сохтаанд.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад”.

Воқеан ҳам, мо имрӯз дар баробари ифтихор намудан аз забондориамон, ҳамчунин масъулияти бузургеро дар ростои ҳифзу гиромӣ доштан ва ташаккул додани забони тоҷикӣ ба души худ дорем. Мо пайваста дар хотир дорем, ки маҳз бо шарофати пойдории забони миллиамон тавонистем ба худшиносии миллӣ даст ёбем ва билохира Истиқлолияти сиёсиро соҳиб гардем. Ҳамзамон, фаромӯш намесозем, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аз ҳифзи арзишҳои миллӣ, хоса забони модариамон сарчашма мегирад.

Пас, биёед сарбаландона ва бо масъулияти баланди ватандорӣ аз ин имтиҳони бузурги таърихӣ гузашта, забони тоҷикиро ҳамчун забони оламшумул ба ояндагонамон ба мерос гузорем. Биёед забони модариро чун шири сафеду меҳри гарми модар дар рагу пайванди худ парварда, қарзи фарзандиамонро дар назди модарони миллат содиқона адо намоем. 

Бо ин таманниёт, бори дигар фарорасии инсанаи муҳимми таърихиро шодбош гуфта, ба ҳамаи Шумо дар роҳи ҳифзи арзишҳои забони тоҷикӣ нангу ғурури баланди миллиро таманно дорем. Бигзор оҳанги ширини забони тоҷикӣ дар тамоми гӯшаҳои дунё абадан танинандоз бошад.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бод!

05.10.2020, шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code