Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!” баргузор гардид

Санаи 3-уми октябри соли 2020 дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мирализода Абдусалом ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир гардид.

Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҳтарам Мирализода Абдусалом чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд. Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу зимни суханронии хеш иштирокчиёнро ба шаҳри бостонии Кӯлоб хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар рушди маънавиёт ва саводнокии ҷомеа нақши мондагор гузошта, ояндаи давлату миллатро равшантар месозад.

Метавон гуфт дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз кӯдаки 5 сола то муйсафеди 70 сола ширкат варзиданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code