МУРОҶИАТНОМАИи.в. Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф вобаста ба беталаф ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти шаҳри Кӯлоб,
Нахуст ба Шумо арзи сипос ва миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои истиқболу пазироӣ ва гусели гарму самимӣ, ки зимни сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб санаи 23-24-уми сентябри соли равон анҷом додед, бо ҳисси ифтихори баланд мерасонам.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироатҳо таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати омода намудани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба зимистонгузаронӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
Мувофиқ ба пешгӯиҳо боду ҳавои имсола тағйирёбанда шуда, мавсими боришот оғоз мегардад ва зимистон бошад сард меояд. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқро зарур аст ба зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ дида, маводҳои лозимиро барои гузаронидани зимистон захира намоянд.
Махсусан, аз аҳолӣ даъват ба амал меорем, дар ҷамъоварии ҳосили ҳамаи зироатҳо фаъолона иштирок намуда, маводи озуқа ва дигар воситаҳои маиширо ба миқдор кофӣ захира созанд.
Ҳамзамон, бисёр муҳим аст, ки ҳар чи зудтар заминҳоро шудгор намуда, ба кишти тирамоҳӣ оғоз намоем.
Дар доираи ин таъкидҳо набояд фаромуш сохт, ки барои ҳар яки мо дар Ватани соҳибистиқлоламон кору зиндагӣ кардан, дар фазои суботу оромӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнат намудан ва соҳиби ин кишвари озод будан шарафу ифтихор аст. Самараи меҳнати мо, пеш аз ҳама, барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии худи мо сокинон ва беҳбудии зиндагии аҳли оилаамон равона мегардад.
Мо ворисони асили миллатеро, ки дар гузашта дигар мардумони саҳронишин “деҳқон” мегуфтанд, имрӯз ҳам аз деҳқон, яъне ободгару бунёдкор ва деҳсозу шаҳрсоз будан ифтихор карда, кӯшиш менамоем ба интизориҳои ниёгон ва бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор бошем. Ба ин хотир мо ба иродаи мустаҳками Шумо сокинони баруманди Ватан боварии комил дорем. Якҷоя ҳамчун ворисони насли шарафманд дар ин марҳилаи ҳассос муттаҳид гардида, ҳосили пахта ва дигар зироатҳои хоҷагиҳои деҳқониву заминҳои наздиҳавлигиро, ки бо сард шудани ҳаво ва оғози мавсими боришот талаф ёфтанашон мумкин аст, наҷот медиҳем ва ба кишти тирамоҳӣ оғоз мекунем.
Бо чунин эътимоду интизориҳо даъват ба амал меорем, ки биёед якҷоя бо эҳсоси баланди ватандӯстиву асолатмандӣ таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳонро ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намуда, аз ин роҳ файзи дастархон ва баракати зиндагии худро зиёда гардонем.
Бо эҳтиром,
и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code