ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶАВОНОНИ КӮЛОБРО АТРОФИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДОРӢ МУТТАҲИД НАМУДААСТ!

Санаи 24-уми сентябри соли равон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба маъракаҳои муҳимми сиёсии дарпешистода бо ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҳтарам Мирализода Абдусалом чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хушомадед гуфт.

Зимни сӯҳбат Раҳмонзода Абдулло ва Ҳамидиён Орзу оиди масъалаҳои мумрами рӯз, аз ҷумла дарки аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ҳифз ва нигоҳ доштани оромии ҷомеа ва дастовардҳо даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Интихоботи президентӣ баромад намуда,  нисбати номзади арзанда ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда,  ҷавононро таъкид намуданд, ки дар Интихобот фаъолона ва дастаҷамъона ширкат варзида  ба номзади арзанда овоз диҳанд.

Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони шаҳри Кӯлоб Изҳорот ҷиҳати дастгирӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бахши матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code